Иштирок дар тантаҳои идона бахшида ба Рӯзи модар

Санаи 7-уми марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳияи Варзоб бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Рӯзи модар ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз қабили раиси Суди ноҳия Абдуллозода Ҷ.А., судя Зарифзода Г.А. ва нозир-коргузори суд Турсунзода Меҳрона Турсун, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, афсарони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, як қатор бонувони касбу кори гуногуни ноҳия ва модарони собиқадор, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур нозир-коргузори суд Турсунзода Меҳрона Турсун бо сипосномаи Раиси ноҳияи Варзоб қадрдонӣ карда шуд.




