ИШТИРОКИ РАИСИ СУД ДАР ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони кишварамон зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон қайд намуда буданд, ки «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳамулпазарии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо бо ин ваҳдату истиқлолияти давлату миллати хеш фахр мекунем шукрона мекунем, ки мардуми соҳибваҳдатем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонем. Ваҳдат барои миллати мо шарафу номус аст ва шояд он бузургтарин дастоварди миллати шарафманди тоҷик маҳбус ёбад, ки ба бисёр миллату халқиятҳои ҷаҳон муяссар нашудааст.
Дар ин маврид, тибқи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб санаи 26-уми июни соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Сулҳу салоҳ ва ризояти миллӣ неъматҳои волотаринанд» баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Дар ин чорабинии идона муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ аз қабили раиси Суди ноҳияи Варзоб АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛО, прокуротура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон, собиқадорони меҳнат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия, сокинон ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки толори Қасри фарҳанг бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳангу маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.