Иштироки раиси суд дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда

Ба муносибати сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1–уми апрели соли равон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси суди ноҳия Абдуллозода Ҷ.А., роҳбарони дигари ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, собиқадорони Артиши миллӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502–и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», волидайни даъватшавандагон, варзишгарон, гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия иштирок намуданд.
Ҷамъомади идона бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ оғоз гардида, ёдоварӣ аз он карданд, ки боиси қаноатмандист, ҷавонони ноҳияи Варзоб пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро эҳсос менамоянд. Ҳаёти сарбози имрӯза аз ҳама гуна замонҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии кишвар танҳо ба хотири ҳимояи марзу бумамон ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд.