ИШТИРОКИ РАИСИ СУД ДАР ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Санаи 30-юми июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия, муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла раиси Суди ноҳияи Варзоб Абдуллозҳода Ҷамолиддин Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок намуданд.Дар Иҷлосияи мазкур 5 масъалаи мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.