Иштироки раиси суд дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Варзоб

Санаи 21-уми марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Наврӯз ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Фозил Сайдалӣ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, меҳмонон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ- раиси Суди ноҳия Абдуллозода Ҷ.А., прокуратура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, собиқ раисони ноҳия, собиқадорони меҳнат, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтори он, раисон ва кормандони Дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон, гирандагони степендияҳои президентӣ ва гирандагони степендияҳои раиси ноҳия, сокинони ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.