ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ЭЪМОРИ СУЛҲ ТО ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Агар аз дидгоҳи таҳлилӣ ба вазъи ҷаҳони муосир назар андозем, арзиши сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоишта қимати бештар касб мекунад, зеро аз рақобати қудратҳои ҷаҳони муосир сар карда, то манфиатҷӯии гурӯҳҳои радикал афзоиши таҳдиду хатарҳо ба ҳаёти инсониро торафт бештар менамояд. Ин гуна вазъи ташвишовар моро водор месозад, ки арзиши сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун нодиртарин дастоварди истиқлоли давлатӣ бештар шинохта, ба хидматҳои таърихию мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори сулҳу эҳёи давлатдории миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ арҷгузор бошем.
Мусаллам аст, ки имрӯз маҳз аз файзу баракати сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи рушди бонизом қадамҳои устувор гузошта, сол ба сол ба дастовардҳои беназиру таърихӣ даст меёбад. Намоди сулҳпарварию ваҳдатшиории кишвари соҳибистиқлоли мо кайҳо боз марзҳоро убур карда, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон эътироф шудааст. Дар ин робита, нахуст метавон ба далели таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя такя намуд, ки дар ин авохир мавриди таваҷҷуҳ ва истиқболи гарми созмонҳои бунуфузи байналмилалию бисёре аз давлатҳои ҷаҳон гардид.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи сарвари хеш ҷиҳати рафъи монеаҳо дар муносиботи ҳамсоядорӣ гоми муҳиме бардошт, ки ҳамчун намунаи барҷастаи ҳалли ихтилофоти марзӣ шинохта шуд. Манзур бартараф намудани баҳсҳо оид ба масоили сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки ғолибан бо таъсири қувваҳои беруна ва гурӯҳҳои манфиатдор солҳо печида боқӣ монда буд.
Далели дигари сиёсати сулҳхоҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 79 Маҷмаи умумии СММ пешниҳод карданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан 5 ташаббуси байналмилалии Пешвои миллати тоҷикон оид ба обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ бо орои тамом қабул гардидаву мавриди амал қарор доранд.
Чунин ибтикороти шоиста бозгӯи онанд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҷомеаи тоҷикон иқдомоти созандаро амалӣ месозанд, балки дар ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз мегузоранд.
Ин ҳама музаффариятҳо ҳар яки моро вазифадор месозанд, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои наву эътибори боз ҳам баланди кишвари азизамон, дар ҳифзи сулҳу субот нақши фаъол гузошта, дар фатҳи зинаҳои нави рушди мамлакат саҳмгузор бошем.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
раиси суди ноҳияи Варзоб,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ