ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

Санаи 11 феврали соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб мулоқоти раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси суди ноҳияи Варзоб Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Аҳтамзода Абдуалим вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” бо иштироки васеъи фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ходимони дин, аҳли ҷамоатчигии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур маърӯзадорон аз ҷумла, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, раиси суди ноҳияи Варзоб Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Аҳтамзода Абдуалим вобаста бо шарҳу тавзеҳи Паём бо маърӯзаҳои муфассал баромад намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳар як Паёми Пешво дар худ барои шарҳвандон башорати нек дошта, онҳоро ба ояндаи дурахшон боз ҳам наздиктар месозад.
Соли равон дар кишварамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, зеро барои мардуми тоҷик он ҳамчун ҷашни муқаддас ва бузург ба ҳисоб меравад. Ва ба ин хотир, аз ҷониби Пешвои миллат дар Паём соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шудааст.
Моро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Суди ноҳияи Варзоб 




