ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН.

Агар дар бораи ваҳдати миллӣ ҳарфе ба забон биёварем, беихтиёр рӯзҳои пурфоҷиа ва сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пеши назар меёянд. Солҳое, ки як миллат дар ду сангар қарор дошт, бародар бар зидди бародар меҷангид ва кишвари тозаистиқлоли мо дар вартаи нестшавӣ қарор гирифта буд. Дар чунин вазъ сулҳу субот танҳо як орзу буду бас, ки аксаран даст ёфтан ба ин неъматро амри муҳол медонистанд. Аммо бо иродаи қавии фарзанди содиқи Ватан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор шуд.
Имрӯз вақте мо ба гузашта назар мекунем, ба осонӣ метавонем дарк намоем, ки бе ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба кишвари рушдёбанда, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлате бо сиёсати мустақил табдил намешуд. Аз ҳамон рӯз то ҳол Тоҷикистон марҳала ба марҳала рушд мекунад. Дар шароите, ки кишвар бо қарзи калони давлатӣ, инфрасохтори вайроншуда ва захираҳои нокифоя рӯ ба рӯ буд, нахустин шарти рушди давлат ҳамон фазои ором ва сулҳу ризоият буд. Ваҳдати миллӣ ҳамин шароитро фароҳам овард.
Дар тули ин солҳо, Тоҷикистон ба шарофати ваҳдати миллӣ тавонист дар феҳристи кишварҳое ҷой гирад, ки сатҳи камбизоатиро назар ба солҳои ҷанг ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст. Тибқи маълумот, агар солҳои аввали баъдиҷангӣ беш аз 83 дарсади аҳолӣ дар камбизоатӣ қарор доштанд, ҳоло ин нишондиҳанда ба 20,4 фоиз коҳиш ёфт. Ин пешравӣ бидуни фазои сулҳу субот ва барқарории эътимоди ҷомеа имконнопазир буд.
Дар давоми 28 соли охир, бо истифода аз фазои сулҳу субот, Тоҷикистон ба як кишвари ободу пешрафта табдил ёфта, роҳҳои мошингард, нақбҳо, шоҳроҳҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, мактабҳои нав, донишгоҳҳои замонавӣ, марказҳои табобатӣ ва иншооти фарҳангиву варзишӣ сохта шуданд. Ба гунаи мисол, сохтмони НБО “Роғун”, ки онро иншооти аср меноманд, танҳо дар фазои ваҳдат ва пуштибонии тамоми қишрҳои ҷомеа оғоз ёфт ва имрӯз дар остонаи татбиқи пурра қарор дорад.
Бунёди чунин иншооти муҳими давлатӣ намунаи равшани он аст, ки ваҳдати миллӣ танҳо шиор нест, балки заминаи воқеии таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва идоракунии давлат мебошад. Сохтори муосири судӣ, ки дар бинои нав амал мекунад, барои таҳкими қонунмандӣ ва эътимоди мардум ба адолат мусоидат мекунад. Ин ҳама натиҷаи фазои ваҳдат ва субот аст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон беш аз пеш таъмин мегарданд.
Бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудаанд.
На танҳо соҳаи иқтисод, ҳамчунин фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва сиёсати хориҷии кишвар низ дар заминаи ваҳдати миллӣ устувор гардидаанд. Ба туфайли ваҳдат, Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷии мутавозин ва мустақилро пеш барад, бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ барқарор намояд. Тоҷикистон имрӯз як кишвари фаъол дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва баррасии масоили обу иқлим аст, ки ин мақом бидуни субот ва ҳамдилии миллӣ имконнопазир буд.
Маҳз осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ аст, ки охири моҳи майи соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард. Ҳамчунин, 8-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд гуфт, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Дар шароити феълии ҷаҳони муосир ваҳдати миллӣ ҳар рӯз ниёз ба ҳифз, тарғиб ва тақвият дорад. Чуноне ки борҳо таъкид шудааст, таҳкими ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат набуда, ҳамчунин масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҷомеае, ки ваҳдати воқеиро бар пояи муҳаббат ва эҳтиром ба арзишҳои умумимиллӣ устувор мекунад, ҳаргиз пароканда намешавад. Тоҷикистон, ки аз як имтиҳони бузурги таърихӣ гузаштааст, бояд ҳамеша таҷрибаи сулҳсозии худро ҳифз намояд. Имрӯз аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҷрибаи кишвари моро ҳамчун намунаи нодири эҷоди сулҳ ва созиш баҳо медиҳанд. Зеро дар ҳеҷ куҷо ба мисли Тоҷикистон сулҳ бо чунин роҳ — музокира ва бахшиш ба даст наомадааст.
Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо як ҷашн аст, балки имконияте барои баргашт ба арзишҳои аслии миллӣ, бознигарии мавқеи худ ва садоқат ба Ватан мебошад. Мо бояд дарк кунем, ки ҳар як ободие, ки имрӯз мебинем – роҳи нав, мактаби замонавӣ, иншооти варзишӣ ё ҳатто фазои сулҳу суботи оилавӣ ҳама самараи бевоситаи ваҳдати миллӣ аст. Ба ибораи дигар, ваҳдат на танҳо сиёсат аст, ҳамчунин шеваи зиндагӣ, шеваи тафаккур ва шеваи масъулиятшиносии ҳар шахс мебошад.
Рустам МИРЗОЗОДА,
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз Ҷумҳурият