ИШТИРОКИ РАИСИ СУД ДАР ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Санаи 12-уми марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, муовини якум ва муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қабили раиси суди ноҳия Абдуллозода Ҷ.А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори раиси ноҳия даъват карда шуд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 7 масъала, аз ҷумла, гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, интихоби раис ва аъзои онҳо, пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, гузаронидани интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи интихоботии Арақчин №40 ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб ворид гардид.


