Баргузории машғулияти семинарӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 марти соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳои Суди Олӣ, инчунин, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар, маърӯзачиён масъалаҳои мубрами ҳуқуқи мурофиавии маданӣ, баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба аъзои оилаи молик эътироф намудан ва парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба одамкушӣ, инчунин, эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона сохаташударо муҳокима намуданд.
Дар музокираҳо ва саволу ҷавоб, судяҳо фикру андешаҳои худро оид ба роҳҳои беҳтар кардани таҷрибаи судии ҷойдошта ва ба меъёрҳои қонунгузорӣ мутобиқ намудани амалияи судӣ пешниҳодҳо намуданд.
Роҳбарияти Суди Олӣ дар анҷоми семинар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба риояи дақиқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун, татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ҳангоми баррасӣ намудани парвандаҳо ва оид ба дигар паҳлуҳои муҳими фаъолияти судӣ, ҷалб намуданд.
Ҳамзамон, дар машғулияти мазкур аз ҷониби раисони коллегияҳои судӣ оид парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди шаҳри Душанбе сабабу шароитҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.


