ҚАРОР оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Санаи 09.02.2023 сол аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Варзоб нисбати шаҳрванд ХН протоколи ҳуқувайронкунии маъмури тартиб дода шудааст, ки шаҳрванд  ХН дар таърихи 12.01.2023 сол соатҳои 18:00        дақиқа дар дохили манзили истиқоматиашон бе ягон асос нисбати ҳамсараш ШИ дашномхои қабеҳ зада ўро лату куб намудааст, ки бо ин кирдораш аломатҳои хукуквайронкунии маъмурии дар моддаи 93 иловаи 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуровари дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила  гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, чавобгарии маъмури пешбини шудааст, қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури бароварда шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Варзоб ирсол карда шудааст. Дар саннаи 02.03.2023 сол аз тарафи суди ноҳияи Варзоб нисбати ҳуқуқвайронкунанда ХН бо моддаи 93 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 5-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.