ҚАРОР Оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Дар таърихи 15.08.2023 сол тахминан соатҳои 11-00 дақиқа ҳангоми гузаронидани рейди муштарак аз ҷониби кормандони бахши дин танзиму анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Варзоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ, ноҳияи Варзоб муайян карда шудааст, ки шаҳрванд МС бар хилофи талаботҳои моддаи 8 бандҳои 4-5 Қонуни Ҷумҳурий Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва итиходияҳои диннӣ», ки мувофиқи талаботи он ба таълимоти диннй машғул шудан, танҳо баъди гирифтани иҷозатномаи давлати мумкин аст, амал намуда дар манзили истикоматиаш вокеъ дар ноҳияи Варзоб ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чорбоғ, бе доштани иҷозатномаи давлати ба ду нафар ноболиғони  ҳамон маҳал, ки саннаи таваллудашон 2008 мебошад ғайриқонуни ба додани таълимоти диннӣ машғул шудааст, ки аз ҷониби кормандони бахш нисбати ў протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода, бо моддаи 474 иловаи 1 қисми 2-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, барои барраси ба суд ирсол карда шуд, аз тарафи суди ноҳия нисбати ҳуқуқвайронкунанда бо моддаи 474 иловаи 1 қисми 2-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 45-нишондиҳанда барои ҳисобхо баробар ҷарима таъин карда шудааст.