Баъзе аз масъалаҳои назариявӣ ва амалие, ки ҳангоми таъини ҷазо барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба миён меоянд

Ҳамасола санаи 9-уми декабр ҳамчун рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ман низ аз ин фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шумоёнро ба ин рӯз шодбош мегуям.

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф  гаштааст.

Рузмарра ва мубрам будани ин масъаларо ба инобат гирифта, роҳбарияти сиёсии кишвар аз рӯзҳои аввали ноил шудан ба соҳибихтиёрии давлатамон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардида, дар самти муқовимат бар зидди ин падидаи номатлуб ва қабл аз ҳама ба решакан кардан ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Дар ин замина дар сатҳи миллӣ вобаста ба ин масъала якчанд санадҳои дахлдор низ қабул карда шудаанд.

Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21-уми июли 1999 сол, таҳти №1262 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ  дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми декабри 1999 сол, таҳти №11 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид ва санаи 25-уми июли 2005 сол Қонуни мазкур бо назардошти ӯҳдадорҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз санадҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25-уми сентябри 2006 сол ба тавсиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ба шумор меравад.

Ҳамчунин бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10-уми январи 2007 сол, таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як мақомоти ваколатдори  давлатӣ таъсис дода шуд.

Илова бар ин бо мақсади тақвият додани муқовимат бо коррупсия ва андешидани чораҳои маҷмуии ташкилӣ, иҷтимою иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зиддӣ коррупсия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26-уми январи 2008 сол, таҳти №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид.

Минбаъд пас аз ба итмом расидани муҳлати Стратегияи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30.08.2013 сол, таҳти №1504 Стратегияи нави мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шуд.

Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти хулосаи таҳқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар кишвар ҳалли худро ёфтанд.

Агарчанде, ки дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ боби алоҳида мавҷуд набошад, ҳам аммо мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 7-уми сентябри 2006 сол, таҳти №414 Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тасдиқ карда шудааст, ки мутобиқи он ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта 51 моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба муносибати 10 – солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар санаи 10-уми январи соли ҷорӣ изҳор доштанд, ки ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, агар соли 2007 ҳамагӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, ин рақам соли 2016 қариб ба 1900 адад расидааст.

Бояд қайд намоям, ки тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта дар асл мушкил буда, ҳангоми тафтиши чунин парвандаҳо бояд аз ҷониби мақомоти тафтиши пешакӣ ҷиҳати ошкор сохтани ҳамаи иштирокчиёни ҷиноят ва ҳамаи лаҳзаҳои фаъолияти ҷиноятии айбдоршавандагон чораҳои дахлдори мурофиавӣ  андешида шавад.

Мувофиқи қисми 7 моддаи 161 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятие, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, тафтиши пешакии ин қабил парвандаҳо дар ҳаққи судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (аз ҷумла кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия) ва дар ҳолати аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ошкор намудани ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинигардида, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин ӯҳдадорони ҳарбии ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват кардашуда содир гардидаанд, бояд аз тарафи муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия гузаронида шаванд.

 Аммо таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо ин муқаррароти КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста аз мадди назар дур карда шуда, тафтиши пешакии ин қабил парвандаҳо на аз ҷониби муфаттишони мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, балки аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Мақомоти Прокуратура бо вайрон кардани тобеъияти тафтиши пешакӣ гузаронида мешавад, ки ин ҳолати ҷиддан риоя накардани қонуни мурофиаи ҷиноятӣ ба шумор меравад.

Мақомоти Прокуратураро зарур аст, ки назорати прокурориро дар самти риояи тобеъияти тафтиши пешакии ин қабил парвандаҳо пурзур намояд, зеро тибқи талаботи модаи 264 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ҷиддан риоя накардани талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятии мазкур метавонад аз ҷониби суд дар марҳилаи муҳокимаи таъини мурофиаи судӣ ва омодагӣ ба он барои тафтиши иловагӣ баргардонида шавад.

Банди 3 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №13 аз  санаи 23 декабри соли 2011 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорие, ки баргардонидани парвандаи ҷиноятиро барои тафтиши иловагӣ ба танзим медароранд»  муқаррар намудааст, ки ҳолатҳои ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти умумии КМҶ ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешаванд, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани ҳукми одилонаи судӣ метавонанд таъсир расонанд.

Мувофиқи маълумотҳои омории Раёсати омори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар давраи нимсолаи аввали 2017 аз 377 парвандаи ҷиноятии баррасишудаи хусусияти коррупсионидошта 2 адад парванда нисбати 3 нафар шахс бо моддаҳои 245 ва 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудааст.

Танҳо як ҳолати кушодани ҷиноят ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс басанда набуда, бояд ба ҷинояткор ҷазои сазовор ба кирдораш ба хотири ноил шудан ба мақсади ҷазо ва пеш аз ҳама ба хотири таъсири мусбӣ расонидан ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъин карда шавад.

Таъини ҷазо барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ҳолати  душворе мебошад, ки дар ин самт қонунгузории ҷиноятӣ дар давраи на онқадар зиёд тағйиротҳои муҳимро аз сар гузаронидааст. Яке аз мушкилоти асосии таъини ҷазо барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ин пеш аз ҳама мавҷуд будани намудҳои гуногуни ҷазоҳо барои ин ҷиноятҳо истифодашаванда ва ҳамчунин тағйиру иловаҳои доим ба  қонунгузории ҷиноятии дар ин қисм воридшаванда мебошад.

Қонунгузор ба мақомоти судӣ яқ қатор намудҳои ҷазоро барои  таъин намудан нисбати ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта пешниҳод намудааст, ки онҳо метавонанд ҳам ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ба сифати ҷазои иловагӣ таъин карда шаванд. Ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ворид намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро қонунгузор аз рӯи адл ва бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро низ ба яке аз намудҳои ҷазои таъиншаванда барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта пешбинӣ намудааст. Дар як маврид ба табиати тамаъкорона шомил будани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ҳамчунин аз руи адолат таъин намудани ҷазоро дар намуди ҷарима талаб менамояд. (аз рӯи ақидаи қонунгузор ҷазои ҷарима яке аз усулҳои самарабахши мубориза бар зидди коррупсия ба ҳисоб меравад)

Аз рӯи маълумотҳои омории Раёсати омори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар давраи нимсолаи аввали 2017 ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 452 адад парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта нисбати 578 нафар шахс барои моҳиятан баррасӣ намудан ворид карда шуда, дар ин давра 377 адад парвандаи мазкур нисбати 477 нафар шахс аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин парвандаҳои баррасишуда  266 адад парванда нисбати 340 нафар шахс ҳукми айбдоркунӣ ва 100 адад парванда нисбати 124 нафар шахс дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шудааст. Аз парвандаҳои баррасигардида 152 адади он нисбати 189 нафар шахс бо моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 148 адад оннисбати 199 нафар шахс бо моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 адади дигар нисбати 36 нафар шахс бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Вобаста ба парвандаҳои баррасишуда 56671081,88 (панҷову шаш миллиону шашсаду ҳафтоду як ҳазору ҳаштоду як) сомонӣ ва 142274 (яксаду чилу ду ҳазору дусдау ҳафтоду чор) доллари ИМА ҳамчун зарар ошкоро карда шудааст, ки аз ин маблағ 12811913 (дувоздаҳ миллиону ҳаштсаду ёздаҳ ҳазору нуҳсаду сенздаҳ) сомонию 109178 (яксаду нуҳ ҳазору яксаду ҳафтоду ҳашт) доллари ИМА то давраи ба суд, дар давраи баррасии суд ва бо ҳукми суд барқарор карда шуда, боқимонда 43859167,08 (чилу се миллиону ҳаштсаду панҷову нуҳ ҳазору яксаду шасту ҳафт) сомонию 33096 (сиву се ҳазору наваду шаш) доллари ИМА то ба ҳол бақарор карда нашудааст.

Ба хотири оне, ки қисми зиёди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба категорияи ҷиноятҳои муқобили хизмати давлатӣ мансуб мебошанд, аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян,  машғул шудан бо фаъолияти муайян, маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон дар ин маврид басо зарур ва муҳим ба шумор меравад.

Қаблан Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири соли 1961 барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоша ҷазоҳои сангинеро пешбини намуда буд. Масалан барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора бо моддаи 168 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири соли 1961 то 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо мусодираи молу мулк ва дар ҳолатҳои махсусан вазнин бошад ҷазои ҳукми катл пешбинӣ шуда буд.

Бо принсипи инсондустӣ мутобиқ гардидани Кодекси нави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) қонунгузор барои ҷиноятҳои вазнини хусусияти коррупсионидошта ҳамчунин таъин намудани ҷазои  алтернативии сабукро дар намуди ҷарима  имконият дод.

Дар ин раванд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйиру иловаҳо ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15-уми марти 2016 сол, таҳти №1274 ба моддаҳои 319, 320 ва 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, минбаъд дар санксияи моддаҳои мазкур дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазои алтернативии ҷарима низ пешбинӣ карда шуд.

Дар асоси тағйироти мазкур минбаъд ҳукми суд нисбати шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 319, 320 ва 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда буданд, пас аз ҷониби онҳо барқарор намудани зарари расонидашуда, дар асоси аризаашон метавонад ба ҷазои ҷарима мутобиқ гардонида шавад.

Дар баробари ворид гардидани ин тағйирот ба судҳо имконияти таъин намудани ҷазои ҷарима ва ё ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ пайдо шуд. Аз руи интизориҳо ҷазои ҷарима бояд ивазкунандаи ҷазои мусодираи молу мулк мешуд, аммо таҷрибаи мазкур бинобар ҷой доштани норасоиҳои қонун дуруст ва ба таври интизоршуда ба кор наомад. Ҷаримаҳои дар раводиди моддаҳои 319, 320 ва 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ҳамон қадар зиёде муқаррар шудаанд, ки онро танҳо тули умри инсон пардохт кардан мумкин аст.

Акнун мувофиқи ин тағйиротҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти «Гирифтани пора» бо моддаи 319 КҶ ҶТ ҷазои ҷаримаро аз андозаи 3650 (се ҳазору шашсаду панҷоҳ) то ба 21900 (бисту як ҳазору нуҳсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба андозаи аз 182500 (яксаду ҳаштоду ду ҳазору панҷсад) то ба 1095000 (як миллиону наваду панҷ ҳазор) сомонӣ,

-барои содир намудани ҷинояти «Додани пора» бо моддаи 321 КҶ ҶТ ҷазои ҷаримаро аз андозаи 3650 (се ҳазору шашсаду панҷоҳ) то ба 18250 (ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба андозаи аз 182500 (яксаду ҳаштоду ду ҳазору панҷсад) то ба 912500 (нуҳсаду дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ ва

— барои содир намудани ҷинояти «Иғвои порадиҳӣ» бо моддаи 321 КҶ ҶТ бошад ҷазои ҷаримаро аз андозаи 9125 (нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ) то ба 18250 (ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба андозаи аз 456250 (чорсаду панҷову шаш ҳазору дудсаду панҷоҳ) то ба 912500 (нуҳсаду дувоздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ ба фоидаи давлатро пешбинӣ кардааст, ки имконияти пардохт намудани чунин ҷаримаҳои калонро на ҳама маҳкумшудагон доранд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар давраи нимсолаи аввали 2017 сол аз 377 адад парвандаҳои баррасишудаи хусусияти коррупсионидошта, дар асоси ҳукмҳои суди ҷумҳурӣ нисбати 230 нафар шахс ҷазои ҷарима баробар ба 61% фоиз ва танҳо нисбати 104 нафар шахс ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 12 сол баробар ба 27% фоиз таъин карда шудааст, ки дар тарҷрибаи судӣ дар муқоиса таъини ҷазои ҷарима нисбат ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ зиёдтар мебошад.

Мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 388 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳукм, таъинот ва қарор ба зиммаи суде гузошта шудааст, ки парвандаро дар суди марҳилаи якум баррасӣ намудааст.

Таҷрибаи судӣ нишон дод, ки шахсоне, ки дар асоси ҳукми суд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷазои ҷарима маҳкум карда мешаванд, дар аксари ҳол аз ӯҳдаи пардохти ин қадар ҷаримаҳои зиёд баромада наметавонанд ва билохира ҳукми суд дар ин қисм бе иҷро ва ҷаримаҳои мазкур танҳо дар руи қоғаз мемонанд.

Масалан маҳкумшуда Пулодов Ҳ. дар асоси ҳукми суди гарнизони ҳарбии Душанбе аз санаи 28-уми марти 2016 сол бо моддаи 320 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазои ҷарима ба андозаи 91225 (нуҳ ҳазору яксад бисту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 365000 (сесаду шасту панҷ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст. Ҳангоми омӯзиши парвандаи мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ки аз лаҳзаи бароварда шудани ҳукми мазкур муҳлати 6 моҳ гузашта бошад ҳам, аммо дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ маълумотҳои дахлдор дар хусуси аз ҷониби маҳкумшуда Пулодов Ҳ. пардохт гардидани ҷаримаи мазкур мавҷуд нестанд. Ҳамчунин аз ҷониби суд баҳри иҷрои ҷарима ягон чораи дахлдор андешида нашудааст.

 Ба ҳамин монанд маҳкумшуда Наимов А. дар асоси таъиноти коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди ш.Душанбе аз санаи 8.02.2016 сол бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин моддаҳо  ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 4015 (чор ҳазору понздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 160600 (яксаду шаст ҳазору шашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст. Омӯзиши парванда нишон додааст, ки аз лаҳзаи бароварда шудани ҳукми мазкур муҳлати зиёде гузашта бошад ҳам, аммо дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ маълумотҳои дахлдор дар хусуси аз ҷониби маҳкумшуда Наимов А. пардохт гардидани ҷаримаи мазкур мавҷуд нестанд. Ҳамчунин аз ҷониби суд баҳри иҷрои ҷарима ягон чораи дахлдор андешида нашудааст.

Дар ин ҷода бояд ба КҶ ҶТ тағйирот ворид карда шуда, минбаъд рӯёниши ҷазои ҷарима барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта на ба таври қисм-қисм, балки ба таври дар як вақт пардохти он ба роҳ монда шавад. Ва ба ҷинояткоре, ки имконияти дар як вақт пардохт намудани ҷаримаро надорад, набояд ҷазои ҷарима, балки ҷазои маҳрум сохтан аз озодии дар санксияи модда пешбинишуда таъин карда шавад. Дар ин асно бояд ба судҳо имконияти санҷиш вазъи моддии судшаванда ва масъалаи таъин кардан ва ё накардани ҷазои ҷарима бо ин асосҳо иҷозат дода шавад, зеро дар КҶ ҶТ ба таври аниқ муайян нашудааст, ки суд дар кадом ҳолат бояд нисбати судшаванда   ҷазои ҷарима ва дар кадом ҳолат ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

Танҳо бо роҳи ворид намудани тағйироти зарурӣ ба КҶ ҶТ расидан ба ҳалли масъалаи мазкур ва ба таъмини иҷроиши пурраи ҳукми суд дар қисмати рӯёниши ҷазои ҷарима ноил шудан мумкин аст.

Бояд ёдовар шуд, ки яке аз чораҳои дигари таъсиррасонии ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ бар зидди шахсе, ки барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкум карда мешавад, ин аз ҷониби суд таъин намудани ҷазои иловагӣ дар намуди мусодираи молу мулк ба ҳисоб меравад.

Аммо ин чораи муҳими таъсиррасониро нисбати ин қабил ҷиноятҳо қонунгузор пешбинӣ накардааст, зеро ин судшавандагон  барои содир намудани ҷинояти коррупсионӣ ба ҷавобгарии молу мулкӣ бо як қатор сабабҳо кашида намешаванд. Дар давраи нимсолаи аввали 2017 сол аз 377 адад парвандаҳои баррасишудаи хусусияти коррупсионидошта, дар асоси ҳукмҳои суди ҷумҳурӣ нисбати ягоне аз ин маҳкумшудагон ҷазои иловагӣ дар намуди мусодираи молу мулк таъин карда нашудааст ва сабабаш дар он аст, ки аз руи муқаррароти моддаи 57 КҶ ҶТ танҳо мусодираи молу мулк ва маблағҳои пулие, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд, ва онҳо вобаста бо парванда ҳамчун далели шайъӣ эътироф гардидаанд имконпазир аст. Молу мулк ва маблағҳои пулие, ки бо роҳи ҷиноят омадани онҳо тасдиқ нашудаанд ва онҳо ба парванда ҳамчун далели шайъӣ ба руйхат гирифта нашуда бо мавоҳои парванда ҳамроҳ карда нашуданд аз мусодира дур мемонанд.

Дар таҷрибаи судӣ ҳолатҳои зиёде вомехуранд, ки шахсе, ки барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир карда шудааст, дорои молу мулки зиёд дар дохили кишвар ва маблағҳои пулии зиёде дар Бонкҳои хориҷи кишвар мебошад, аммо бо роҳи ҷиноят ба даст омадани онҳо аз ҷониби мақомоти тафтиш муайян ва тасдиқ карда нашудаанд, ҳол онки дороии шахси ҷиняткор ба музди меҳнат ва дигар даромадҳои шахси ҷинояткор баръало мутобиқат намекунад, ки ин ҳолати душвор муаммои сарбастаеро ҳангоми баррасӣ ва таъини ҷазои иловагӣ дар намуди мусодираи молу мулк аз ҷониби судҳо ба миён меорад.

Барои ҳалли қазияи мазкур бояд ба моддаи 57 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чи зудтар тағйирот ворид карда шуда, моддаи мазкур дар таҳрири пештарааш, ки мутобиқи он мусодираи молу мулк, яъне ба моликияти давлат маҷбуран ва ба таври ройгон гирифтани амволе, ки моликияти маҳкумшуда мебошад, фаҳмида мешуд, ифода карда шавад.

Ҳамчунин бояд қайд намоям, ки санаи 5 ва 6 –уми декабр дар шаҳри  Мински Ҷумҳурии Белоруссия гуруҳи мутахассисони Созмони давлатҳои мустақил масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкори дар соҳаи кофтуков ва барагрдонидани даромадҳои бо роҳи коррупсия ба даст омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд ва умедворем, ки масъалаи мазкур дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад.

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло

Раиси суди ноҳияи Варзоб