Иштирок ва баромади раиси суд дар чорабинӣ бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ва раиси суди ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло тантанаҳои идона бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти чорабинии мазкур роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», собиқадорони ҳизбҳо, ҷангу меҳнат, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.