Иштирок ва баромади судя дар Конференсияи ноҳиявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони «Ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем» конфренсияи ноҳиявӣ баргузор гардид
Ҳар як пешрафти ҷомеаи мо ба шарофати амали 31-соли Конститутсия ба даст омада, пеш аз ҳама таъмини волоияти Қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар як давлат мебошад.
Таъкид менамоям, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он, барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Ёдовар мешавем, ки 6 — ноябр мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Зеро дар ин рӯзи соли 1994 бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Хулоса вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он, барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Дар ин маврид, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо суди ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 3-юми ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроия бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи ноҳиявӣ таҳти унвони «Ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем» баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, судяи суди ноҳияи Варзоб Зарифзода Гулбаҳор Азимӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимзода Маҳтоб Пир иштирок намуданд.