Иштироки раиси суд дар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 14-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Шавкат Камолиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳаммадулло Умар, ходими давлатӣ, собиқадор Қоимдодов Қозидавлат Қоимдодович, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатов Зубайдулло, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, раиси суди ноҳия Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Президент ва 33 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.

Суди ноҳияи Варзоб 




