НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОР НАМУДАНИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АЗ НИГОҲИ СИЁСАТМАДОРОН ВА ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФИ ДУНЁ

(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад,ки сокинони

сайёра дар орзуи доштани чунин сарваранд.

Доналд Туск, сиёсатмадори маъруфи Аврупо

 

Таърих баёнгари он аст, ки дар сарнавишти бисёре аз халқу миллатҳо давраҳои хело душвору буҳронӣ вуҷуд доштаанд ва барои баромадан аз он мушкилот ё буҳрон нақши шахсиятҳои бузурги сиёсӣ хеле калон ва ҳалкунанда будааст. Онҳо бо фаъолият ва андешидани тадбирҳои фаврию зарурӣ тавонистаанд миллат ва давлатро ба роҳи сулҳу оромӣ ва тараққиёт баранд, буҳрони умумимиллиро бартараф намуда, муҳимтар аз ҳама давлат ва миллатро аз нестшавӣ эмин нигаҳ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ин гуна шахсиятҳо ба шумор рафта, барои миллати тоҷик дар давраҳои хело душвор ва тақдирсози таърих хизматҳои бузург ва нотакрор кардаанд. Ин сиёсатмадор тамоми ҳастии худро пеш аз ҳама баҳри озодӣ, ба даст овардани сулҳу суботи комил ва ободии Тоҷикистони созибистиқлол равона кардааст.
Сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи дунё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва лидери сиёсӣ мешиносанд, эътироф менамоянд ва нисбати Пешвои миллати мо дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу субот, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ, эҳёи фарҳанг, санъат, ҳалли масъалаҳои глобалӣ, гиромидошти чеҳраҳои мондагор ва ғайраҳо назар ва андешаҳои нек доранд.
Масалан, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин чунин мешуморад, ки «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамолики дигар!»
Маҳз бо заҳматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, мо тоҷикон ба сулҳусуботи комил ва ризоияти миллӣ ноил гардидем, ки ин ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯз моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар намуда, дар натиҷа ба ваҳдати комил насиб гардем.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин саҳми Пешвои миллатамонро барои расидан ба ваҳдати миллӣ дорои аҳамияти муҳим ҳисобида, ба маврид қайд менамояд, ки «Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонии тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».
Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги таҷрибаи ба даст овардани сулҳу субот аз ҷониби тоҷикон яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар низоъҳои дохилӣ муаррифӣ мегардад, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии сулҳу субот эътироф шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад.
Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан барҳақ қайд менамояд, ки «Тоҷикистон дар ҳалли ихтилофи дохилӣ барои бисёр кишварҳо намунаи ибрати беназир гардид. Гумон мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар мусолимат мебошад».
Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуротҳои номатлубе вуҷуд доранд, ки на танҳо ба амнияти як кишвар ва ё як минтақа, балки ба амният, сулҳу субот ва соҳибихтиёрии тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Чунин зуҳурот экстремизму терроризм мебошад, ки бо амалҳои ҳодисаҳои номатлуби худ ба оромию амнияти сайёра таҳдид намуда, дар ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад, ки боиси нигаронии аҳли башар гардидааст.
Аз ин хотир, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва сулҳусуботи комил мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохилию хориҷии кивари моро ташкил намуда, Тоҷикистон мудом талош бар он менамояд, ки аз пайомадҳои фоҷиабору харобиовари ин зуҳуроти номатлуб ҷилавгирӣ карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар пайваста таъкид менамоянд, ки “мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.”
Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа низ хело назаррас буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баҳои баланд баҳогузорӣ карда шудааст.
Чунончи, собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар ин ҷода чунин изҳор намудааст, ки «Халқи Амрико аз Тоҷикистон барои саҳми калонаш дар муборизаи зидди терроризм сипосгузор аст. Басо хушнудам, ки муносибатҳои мамлакатҳои мо беш аз пеш таҳким ёфтаанд. Изҳори умед мекунам, ки мо минбаъд низ барои озодии бештар ва амнияти тамоми минтақа ҷидду ҷаҳд хоҳем кард».
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, поягузори эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, муаррифгари мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба шумор мераванд.
Собиқ Президенти Фаронса Жак Ширак дар ин маврид чунин қайд менамояд, ки «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромӯш нахоҳад кард».
Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов низ заҳматҳои Пешвои миллатамонро дар ин самт боиси таҳсин ва офарин шуморида, чунин гуфтааст, ки «Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номи алломаҳои миллат, номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад.              Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».
Хулоса, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардани истиқрор ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бузург гузоштаанд, ки сиёсатмадорон ва шахсони баруманди олам онро эътироф менамоянд. Бо дарназардошти ин ҳама кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳое, ки Пешвои миллат ба хотири бунёди ояндаи рӯшани халқи тоҷик намудаанд, месазад, номи Роҳбари давлат дар радифи бузургтарин мардони таърихи сиёсии ҷаҳон қарор гирад.
Натиҷаи заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз насли ҷавони тоҷик бо халқу миллат ва Пешвои худ ифтихор намуда, аз сиёсати хирадмандона ва созандааш ҷонибдорӣ менамоянд ва дар муҳити озоду обод ояндаи неки худро бунёд месозанд.

Раиси суди ноҳияи Варзоб,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло