Оқибатҳои ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ

Истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика — ҷузъи аз ҳам ҷудонашавандаи рушди устувор мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон
Неруи барқ- яке аз захираҳои муҳимтарин буда, ҳаёти ҷамъиятии имрӯзаро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст.Он дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон: аз эҳтиёҷоти ҳамарӯза то саноат, нақлиёт ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ дорад.
Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дорои захираҳои беназир буда, дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд, зеро 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад. Рушди соҳаи энергетика баҳри пешрафти иқтисодиёти кишварамон аҳамияти хело бузург дорад. Аз ин хотир, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ хадафи асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон дар ин ҷода қадамҳои устувори хешро гузошта истодааст.
Мусаллам аст, ки неруи барқ — асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.Бе он, фаъолият намудани истеҳсолот, тиб, нақлиёт ва алоқа низ аз имкон дур аст.Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи он барои рушди «энергияи сабз» ва таъмини наслҳои оянда бо барқ хело муҳим арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 марти соли 2025 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ин бармеояд, ки сари вақт пардохт намудани истифодаи қувваи барқ масъулияти шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад, зеро он таъминоти бефосилаи барқро дар ҳамаи давраи сол таъмин намуда, барои пешгирӣ кардан аз хароҷоти зиёдатӣ кӯмак мерасонад ва дар маҷмӯъ фаъолияти бонизоми соҳаи энергетикиро дастгирӣ менамояд.
Новобаста аз тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута, аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон дар мавридҳои гуногун қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ мунатазам вайрон карда мешавад, ки ин як амали аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайримантиқӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ зараровар мебошад, дар ҳоле ки усулҳои қонунии сарфаи энергия, ки фоидаи устувори иқтисодиро бидуни оқибатҳои ҳуқуқӣ таъмин менамояд, мавҷуд мебошанд.
Аз ин лихоз, давлат маҷбур аст, ки барои чунин кирдорҳо оқибатҳои ҳуқуқӣ аз қабили, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро муқаррар намояд, зеро ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои ҳифз намудани иқтисодиёт, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва адолат равона карда шудаанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудан аз чунин омилҳои номатлуб дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025, №2163, моддаи 253 иловаи 1 ворид карда шуд, ки мувофиқи муқаррароти моддаи мазкур аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо муқаррар карда шудааст.
Ҳамин кирдор, агар: ба миқдори калон; аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ; аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар: ба миқдори махсусан калон; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».
Ҳамзамон, ба КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382 дар таҳрири зерин пешниҳод карда шуд, ки мутобиқи он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Мавқеи кишвари мо дар ин самт ягона набуда, дар қонунгузории аксари кишварҳои дунё аз қабили, Олмон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Туркия ва Федератсияи Россия низ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст, ки бори дигар аз муҳимияти неруи барқ шаҳодат медиҳад.
Хулоса, зоҳир намудани муносибати сарфакорона нисбат ба неруи барқ-ин пеш аз ҳама изҳор намудани масъулияти шаҳрвандии хеш дар назди наслҳои оянда ва гузоштани қадам ба сӯи рушди устувори ҷомеа мебошад. Бо ҳифз намудани нерӯи барқи имрӯза мо метавонем барои фардо шароити аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва бароҳатеро фароҳам оварем.
Абдуллозода Ҷамолиддин
раиси суди ноҳияи Варзоб,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Суди ноҳияи Варзоб 




